Хона холист, хонаи мо,
Хонаи қашангу зебо.
Хона холист, ҳама сарсон,
Хона бе ту мисли зиндон...
Ин охирин таронаи овозхони ҷавонмарг Баҳром Ғафурӣ аст, ки рӯзҳои охирини қабл аз маргаш дар студия сабт мекард, вале бадбахтона, теғи аҷал имконаш надод, ки онро ба анҷом расонад.
Як моҳ баъди даргузашти Баҳром Ғафурӣ, писараш – Анӯшервон (Анӯш) Ғафурӣ ин таронаи нотамоми падарашро иҷро кардааст. Порае аз ин тарона рӯзи 4 сентябр дар Интернет нашр шуд ва қарор аст, рӯзҳои наздик сабти пуррааш пешкаши тамошобинон гардад.
Пораи таронаи “Хона холист”-ро дар байни ҳамагӣ чанд соат танҳо дар як канали Ютуб беш аз 40 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Овозхони шинохтаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ субҳи 7 август дар натиҷаи як садама дар маркази Душанбе дар синни 44 ба ҳалокат расид.
ОХИРИН суруди Бахром Гафури
#бахромгафури#