Нериё Аминов Ироқи Бухоро версия Москва

Опубликовано: 11 Май 2026
на канале: ZARAFSHON ENTERTAINMENT MEDIA
837
14

ИРОҚИ БУХОРО
Ғазали Васлӣ
Агар ба зулфи ту машшота печу тоб диҳад,
Сазад, ки шона ба офоқ мушки ноб диҳад.
Умеди васли ту мумкин бувад, наметарсам,
Ба теғи ҳаҷр маро ҳар қадар азоб диҳад...
Яқин, ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накўст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Маҳи ҷабини ту оромгоҳи нуру сафост,
Сафову нур ба хуршеду моҳтоб диҳад.
Ба пири ар зи шароби лаби ту нўш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Карашмаи ту кунад ишқро ба дил бедор,
Ба чашми наргису бодом бўйи хоб диҳад.
Агар ба ваъз барои ба вақти субҳи видоъ,
Бурида бод забоне, туро ҷавоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар кӣ вонигарӣ, наргисат шароб диҳад.