Ба Россия омада тахминан ҳар як даҳум муҳоҷир дар зиндагии худ мушкилӣ мекашад. Одамон зич, дар вагончаҳо, таҳхонаву биноҳои техникӣ, дар бозорҳо зиндагӣ мекунанд. Оқибати ҷиддитарини чунин тарзи ҳаёт гирифторӣ ба бемории сил шуда метавонад. Биёед чӣ будани бемории силро муфассалтар фаҳмем.