Хасан Хайдар - Гум макун (гитара) | Khasan Khaydar - Gum Makun

Опубликовано: 15 Октябрь 2024
на канале: Хасан Хайдар
130,347
376

То тавони дӯстонро гум макун
Дӯстони меҳрубонро гум макун
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст
Мушкил осон кун касонро гум макун

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст
Мушкил осон кун касонро гум макун

Дар ҷаҳони душманони, дӯстонро гум макун
Дар миёни каҷравони, ростонро гум макун
Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳан
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун

Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳан
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун

Ҳам макун парво, ҳам як лаҳза бепарво мабош
Корвонсолори фарёди сагонро гум макун
Навбатат гар омада дар осиё навбат бирон
Лек исёну ғурури осиёнро гум макун

Дар ҷаҳони душманони, дӯстонро гум макун
Дар миёни каҷравони, ростонро гум макун
Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳанд
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун
Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳанд
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун

Гарчӣ бо модар заминам, бишнавам панди падар
Дар замин гар шодмони, осмонро гум макун
Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар
Эй, ки берун меравӣ, ин остонро гум макун

Дар ҷаҳони душманони, дӯстонро гум макун
Дар миёни каҷравони, ростонро гум макун
Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳанд
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун
Ҳар куҷое по ниҳи дар пои ту сар мениҳанд
Ошу ноне хурдаи, он ошиёнро гум макун

Сотрудничество:
[email protected]