Ҷавонеро, ки дар навор мебинед, 21 сол дорад. Ӯ аз сабаби беморӣ мактабро пурра хатм кардан натавонист, вале истеъдоди найнавозияш нагузошт, ки мӯҳр бар ба лаб зада, гӯшанишиниро ихтиёр кунад. Ӯаз сарнавишташ гила надорад ва маъюб шуданашро хости Худо медонад. Муллоёр ба саломатиаш нигоҳ накарда, як луқма нони ҳалолро худаш пайдо мекунад. Ӯ ҳар нисфирӯзӣ дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр дар кӯчаҳо нишаста, барои фароғати мардум наю таблак навохта, баъзан суруд низ месарояд. Ҳарчанд, гурӯҳе аз одамон ин амали Муллоёрро талбандагӣ шуморанд, ӯ ин фикрҳоро инкор мекунад ва худро аз дигар сарояндаҳо кам намедонад.
Мехоҳед бидонед, ки:
-Муллоёр аз Пешвои Миллат чӣ талаб кард ?
-Ӯ чаро дар кӯчаҳои шаҳр найю таблак менавозад?
Пас ба ин ва дигар саволҳоятон дар барномаи мо посух пайдо мекунед. Сарнавишти Муллоёр хеле таъсирбахш буда, қобили тамошои бинанда аст!