Шояд Фарухро фурухта бошанд

Опубликовано: 23 Март 2026
на канале: Мавджи Озод
44,638
321

Сокини деҳаи Сулҳобод, ҷамоати деҳоти Тугарак-и ноҳияи Восеъ, Сангов Фарух Бобоҷонович тобистони соли 1996 ҳамроҳи ду нафари дигар бо мақсади мухоҷирати меҳнати ба Федератсияи Россия рафтанд. Аз ҳамон сол онҳо бедарак ҳастанд. Одинаева Одинамо, модари Фарух муддати 20 сол мешавад, ки писарашро ҷустуҷӯ дорад. Дар ҷустуҷӯи Фарух падару бародаронаш ба Федератсияи Росия рафтанд. Ба барномаи «Жди меня» хабар доданд, ин муроҷиати онҳо натиҷа надод. Дар муҳоҷират падари Фарух шоҳиди бисёр мушкилотҳои муҳоҷирон гаштааст. Дар ин ҷо, ӯ фахмид, ки одамро мефурӯшанд. Гумоне, дар сараш пайдо гаштааст, ки мумкин Фарухро фурӯхта бошанд.