17-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ” бо ибтикори факултети иқтисод ва идора баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Ҳобилҷон Зикирзода, сардори Раёсати илмӣ-инноватсионӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур профессор А.Рауфӣ, З.Шарифов, Х.Муҳаббатов, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон У.Воҳидов ва С.Маъдиев маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.