Аз рӯи одат мекунам,
Бар гӯшии дастам нигоҳ.
Шояд, ки зангам мезанӣ
Имрӯз ё ин ки пагоҳ.
Умрам дар ин ғамхонаҳо.
Сарфи паёмакҳо шуда.
Аз ту ҷавобе нест-нест
Аз қисмату бахти сиёҳ.
Сарсону саргардон манам.
Дар ҷодаи ҳарфу ҳиҷо.
Бинвисам аз ногуфтахо
Чун тирабахти бепаноҳ.
Моҳу самову ахтарон,
Шоҳиди шаббедориям.
Бар гиряву ғамҳои ман.
Ҳастанд сад соле гувоҳ.
Бемори дарду ғуссаам
Эй дард, танҳоям гузор.
Эй ашк, эй борони ғам
Сабре намо, дигар набор.
15.01.2021
АНИСА МАНОНОВА