Суханхои бехтарин 👍

Опубликовано: 17 Июль 2026
на канале: РангинКалом
444
8

Ба дарду кулфату салху гарон шукрона бояд кард.
Ба пастию баландии замон шукрона бояд кард.
Зи даргохи адам то рузи мурдан турфатул айн аст.
Ба ин як лахза рохи бекарон шукрона бояд кард.
Замину осмону одам эхсони Худованд аст.
Ба эхсони Худои ломакон шукрона бояд кард.
Хар он чи додааст Парвардигорам боз мегирад.
Бигирад ё бимонад кори он шукрона бояд кард.
Тамоми мардуми шодоби олам ташна мемирад.
Барои хар кафи оби равон шукрона бояд кард.
Барои рафтагони ормони чои хасрат нест.
Барои зиндагии зиндагон, шукрона бояд кард.