Чаро мактабҳои Русия бачаҳои муҳоҷиронро намегиранд?

Опубликовано: 19 Сентябрь 2026
на канале: Ozodivideo
18,110
49

Ҳазорон тифли муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия мунтазиранд, ки ҳафтаи оянда онҳоро ба мактаб қабул мекунанд ва бачаҳо ба дарс идома медиҳанд. Вале орзуи бисёре аз онҳо шояд амалӣ нашавад ва пушти дар бимонанд, зеро мактабҳои Русия дигар ба сахтӣ фарзандони муҳоҷиронро қабул мекунанд.