РАФТАНДУ РАВЕМУ БОЗ ОЯНДУ РАВАНД -УМЕДИ РАХМАТ 18.03.2022

Опубликовано: 06 Октябрь 2024
на канале: УМЕДИ РАХМАТ
13,346
534

#таджикистан #فارسی #tojikon #tajikistan #افغانستان
МЕРАВАД...

Гар ту мехоҳи намехоҳи нишонат меравад,
Аз даруни қолаби шӯрида ҷонат меравад.
Мағзҳоро ин қадар зебо ба комат мекашӣ,
Лек мағзи ҷони ту аз устухонат меравад.
Бо такаббур рӯи фарши хона мегарди чаро?
Пойкӯбиҳои ту аз остонат меравад.
Аз барои дӯстон ҷонро фидо сози вале,
Ҷоннисориҳо зи ёди дӯстонат меравад.
Гарчи дорои вале як рӯз мегарди фақир,
Аз барат он дӯстони зарситонат меравад.
Хуш ба ҳоли ёри мушфиқ, к-ӯ зи рӯи ростӣ,
Посӣ ёрӣ дошта, бо ин амонат меравад.
Эй ки хони хешро то осмон сози баланд,
Мешавад рӯзе зи дастат ошёнат меравад.
Хешро аз вартаи дарду алам озод кун,
Ғам махур чун ҳар ғаму дарди ниҳонат меравад.
Войи он марде, ки бар ҳамсар ситамгорӣ кунад,
Ишқро афзун намо чун дилситонат меравад.
Бо муҳаббат бош умре пеша кун бахшандагӣ,
Чун ҳама номеҳрубону меҳрубонат меравад.
Бе силоҳонро чи тарсонӣ ту аз тиру туфанг,
Ай ҷафокор аз кафат тиру камонат меравад.
Нест дар бунёди Кангуртӣ муҳаббат бар ҷаҳон,
Чун расад он соаташ аз ин ҷаҳонат меравад.

Шеъри: Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ
14.12.2021