Ох дунё .Ачаб дунёст ин дунё бехтарин суруд 2018

Опубликовано: 16 Июль 2026
на канале: Сухроб Собиров
7,092
43

Подписатьсяро фаромуш насозед бародарон ..........

Яке бечораву танҳо,
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард бепарво,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке чун моҳие дар шаст,
Яке бепул, яке пулмаст,
Яке бепо, яке бедаст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке бо лаълу хандон аст,
Яке бо чашми гирён аст,
Яке бо ҷони ларзон аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке ёри вафодор аст,
Яке бераҳму ҷаббор аст,
Яке муштоқи дидор аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке аз одамӣ дур аст,
Зи сарвар масту маъмур аст,
Ба фикраш аз Худо зӯр аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке дар қайди зиндон аст,
Зи амъолаш пушаймон аст,
Дилаш лабрези армон аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке аз бача безор аст,
Яке бар нохунаш зор аст,
Ба ёди бача бемор аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке дур аз ватан бошад,
Чу гул дур аз чаман бошад,
Чу ҷонаш дур зи тан бошад,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке дар кӯдакӣ мирад,
Яке аз гушнагӣ мирад,
Зи ҷабри зиндагӣ мирад,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке бедину имон аст,
Ва хизматгори шайтон аст,
Пайи озори инсон аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке аз ишк девона,
Миени мардум афсона,
Яке бекую бехона,
Аҷаб дунёст ин дунё!

Яке бечораю танҳо
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард бепарво,
Аҷаб дунёст ин дунё!