Дастаи «Электрон» чемпиони шаҳри Норак

Опубликовано: 01 Сентябрь 2026
на канале: FORMULA 55
268
3

Дастаи «Электрон» бори дуюм дар мусобиқаи FORMULA 55 CUP ҷои аввалро ишғол намуда, уновни қаҳрамонии худро ҳимоя кард!☝️

Мусобиқа дар шаҳри Норак баргузор шуда, 10 дастаро ба ҳам овард, ки бештар аз 15 рӯз барои дарёфти ҷоизаи асосӣ мубориза бурданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи севум дастаи "Пули Сангин" бар "Раҳим Карим" пирӯз шуда, мақоми сеюми ифтихориро ба даст овард.

Дар финал дастаҳои футболи «Электрон» ва «Чортут» мубориза бурданд. Ҳарду даста маҳорати баланд нишон доданд, аммо маҳз «Электрон» дар рақобати тақдирсоз бо ҳисоби 2 : 1 ғалаба карда, Ҷоми мусобиқаи FORMULA 55 - ро дар шаҳри Норак ба касе надод!

Пас аз анҷоми бозии дастаҳо маросими супоридани ҷоизаҳо сурат гирифт, ки дар он беҳтарин бозингарони мусобиқа эълон шуданд.
Бозингари бехтарин Каладоров Умед
Ҳимоятгари беҳтарин - Ятимов Мубориз
Беҳтарин ҳамлагар Ҳасанзода Юсуф
Беҳтарин дарвозабон Саидзода Муҳаммад

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи FORMULA 55 CUP, дастаҳои ғолиб ба чунин тартиб мавқеъ гирифтанд:
«Электрон» чои якум, «Чортут» дуюм шуд ва зинаи сеюм насиби дастаи «Пули Сангин» гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба дастаҳои ғолиб медалу ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағ дар ҳаҷми аз 3555 сомонӣ то 5555 сомонӣ тақдим карда шуд.