МАТНИ ДУИОИ "РИҚОБ"
Ба номи Худи бахшояндаи меҳрубон.
Илоҳо, эй молики бандагон ва эй кушояндаи дарҳоӣ ва эй созандаи сабабҳоӣ. Муҳайё кун барои мо сабабе, ки наметавонем барои он ҷастан. Илоҳо, гардон моро машғул ба кори ту аминёбанда, ба доди ту навмедшаванда аз халқ, унсгиранда ба ту, ваҳшатзада аз ғайри ту, хушнудшаванда ба тақдири ту ва шикебо бар балои ту, шукркунанда неъматҳои туро лаззатёбанда, ба зикри ту шодшаванда, ба китоби ту розгуянда, ба ту дар миёни шаб ва гузарҳои рӯз душмандорандаи дунёро ва дустдорандаи охиратро.Муштоқ ба сӯи дидори ту, мутаваҷҷуҳ ба сӯи ҳазрати ту, муҳайёшаванда барои марг. Эй Парвардигори мо, бидеҳ моро он чӣ ваъда кардаӣ ба мо бар забони пайғамбарони худ ва расво макун моро рӯзи қиёмат, ба дурустӣ, ки ту хилоф намекуни ваъдаро. Илоҳо, гардон тӣавфиқро рафиқи мо ва роҳи ростро роҳи мо. Илоҳо, бирасон моро ба мақсадҳои мо ва қабул кун тавбаи моро, ба дурустӣ, ки ту қабулкунандаи тавба ҳасти ҳастӣ, меҳрубон. Илоҳо, ба номи ту субҳ кардем ва ба номи ту шом кардем ва ба номи ту зиндаем ва ба номи ту хоҳем мурд ва ба сӯи туст бозгашт. Илоҳо, рӯзи кун моро лаззати дидори ба сӯи рӯи ту ва шавқ ба сӯи дидори ту.
Илоҳо, бинмо моро роҳи рост ва рӯзӣ кун моро пайравии он ва бинмо моро ботилро ботил ва рӯзи кун моро парҳез кардан аз он. Илоҳо, бинмо моро ҳақоиқи чизҳо, чуноне ки ҳаст. Мирон моро мусулмон ва лоиқ кун моро ба некғкорон ва дафъ кун аз мо бадии золимон ва шарик кун моро дар дуъои муъминон ва бедор кун аз хоби ғофилон ва рӯзи кун моро шафоати сардори пайғамбарон ва дохил кун моро дар ҷаннат ба саломатии аминёбанда ва ҳашр кун моро бо парҳезгорон ва халос кун моро аз оташ, эй паноҳдиҳанда! Илоҳо, бахш уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, раҳм кун бар уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам, Илоҳо, мадад кун бар уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, бикшой корҳои уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, дуруст кун корҳои уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, кушоиш кун аз уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, бузург кун уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, бузурги бахш уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам. Илоҳо, даргузар фармо аз уммати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи васаллам.
Илоҳо эй дӯстдорандаи тавбакунандагон, қабул кун тавбаро аз мо ва эй амонатдиҳандаи тарсандагон, амин соз моро ва эй роҳнамои ҳайратзадагон, роҳ намо моро ва эй ҳидояткунандаи гумроҳон, ҳидоят кун моро ва эй фарёдраси фарёдкунандагон моро ва эй умедгоҳи ноумедшудагон қатъ макун умеди моро ва эй раҳмкунандаи гунаҳгорон, раҳм кун моро ва эй бахшандаи гунаҳгорон, бибахш барои мо гуноҳҳои ва дур кун аз мо бадиҳои мо ва мирон бо некӯкорон.
Илоҳо, бахши гуноҳони моро, Илоҳо, бипӯшон айби моро. Илоҳо, бикушо синаҳои моро. Илоҳо, нигоҳ дор дилҳои моро. Илоҳо, равшан кун дилҳои моро. Илоҳо, осон кун корҳои моро, Илоҳо ҳосил кун муродҳои моро. Илоҳо, комил соз кутуҳии моро, Илоҳо наҷот деҳ моро аз он чӣ тарсем, эй соҳиби меҳрубониҳои пинҳон. Илоҳо, бахш моро ва модар ва падари моро ва бузургони моро ва устодони моро ва ёрони моро ва дӯстони моро ва хешовандони моро ва наздикони моро ва касеро, ки ӯро ҳай бошад бар мо ва барои тамоми уммати Муҳаммади мустафо, алайҳиссалом, бар ва раҳмати Худо ва салом. Ва нигоҳ доро, эй Парвардигори мо, аз бадӣ бар он чӣ ҳукм кардаӣ. Ва нигоҳ дорӣ моро аз азоби оташ аз азоби қабр ва азоби рӯзи қиёмат ва ҳашр кун моро бо парҳезгорон ва некӯкорон. Илоҳо, ба ҳурмати ин авроди фатҳия бикшо барои мо дарҳои иноётҳо ва бузургиҳо ва тавфиқ деҳ моро барои тоатҳо ва ибодатҳои ва нигоҳ дор моро аз офтаҳо ва балоҳо ва баракат деҳ моро дар ризқ ва некиҳо. Илоҳо, нигоҳ дор моро, эй соҳиби файз аз ҳама балоҳо ва бемориҳо. Ва раҳмати қомил нозил кунад Худои таъоло бар беҳтарин халқи худ Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи васаллам ва олихи ва асҳобиҳи васалама аҷмаъин. Омин
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки баъд аз тамошои наворҳои мо тугмаи "КЛАСС"-ро пахш кунед, то ки дигарон ҳам бинанд ва барои дастгирӣ ва пешравии канал ҳатман обуна, яъне (ПОДПИСАТЬСЯ) шавед !!!
Таваҷҷуҳ: Ҳамаи наворҳое, ки дар канал мебинед танҳо дар доираи мазҳаби ЭМОМИ АЪЗАМ АБУҲАНИФА(р.а) мебошанд.
Цель в жизни одна, после себя оставит только доброту и только добрые дела...