Дилафруз ва дигар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон бо чунин мисраҳои шеърӣ ба чорабинии тарғиботиву таблиғотӣ зери унвони “Маърифати обёрӣ” оғоз бахшиданд. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати обёрии насли наврас бо ибтикори Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ шуд.