Шеър дар бораи КОРОНАВИРУС (ВАБО)

Опубликовано: 28 Март 2026
на канале: УМЕДИ РАХМАТ
31,708
625

Биë эй дӯст, кунем зора Худоро,
Ки то созад зи мо дур ин балоро.
Ҳама халқи ҷаҳон банди бало шуд.
Гирифтори ғаму дарди вабо шуд.
Вабо ҳарҷо ба одам меситезад,
Аз ин воҳима одам мегурезад.
Мусулмонон Худоро саҷда созем,
Ки фурсат рафтааст мо бенамозем.
Худо хашмгиру лекин меҳрубон аст,
Ба ҳар коре, ки мехоҳад тавон аст.
Худовандо ғарибонро нигаҳдор,
Дур аз халқу Ватан бас гаштаанд хор.
Худованд раҳмхори тоҷикон шав,
Ба ин миллат азизу меҳрубон шав.