Рузаи Шаҳвол

Опубликовано: 11 Июль 2026
на канале: Salavot bar Muhammad
48
4

Рузаи Шаҳвол
Ассалому алейкум Иди Саиди фитр муборак ҳамватанони азиз!🖐😊

#РӮЗАИ_СУННАТ🕌🕌🕌

Гирифтани рӯзаи суннат аҷр ва савоб дорад ва нагирифтани он бидуни азоб ва муҷозот аст ва иборатанд аз:

1. Шаш рӯзи шаввол:

Аз Абӯайюби Ансорӣ ривоят аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Касе ки моҳи рамазон ва ба дунболи он шаш рӯз аз моҳи шавволро рӯза бигирад монанди ин аст, ки як соли комил рӯза гирифта бошад». (Муслим/1164)

2. Рӯзаи арафа барои ғайри ҳоҷӣ:

Аз Абуқатода ривоят аст, ки аз Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи рӯзаи арафа суол шуд, эшон фармуданд: «Рӯзаи арафа гуноҳони соли гузашта ва соли ҷориро аз байн мебарад». (Муслим/1162)

3. Рӯзаи нуҳуми муҳаррам (тосуъо) ва рӯзи даҳуми муҳаррам (ошуро

«Русулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи ошуроро рӯза гирифтанд ва фармӯданд, агар зинда бимонам соли оянда рӯзаи нуҳумро низ рӯза мегирам». (Муслим/1134) 📚📚📚

Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи рӯзаи ошуро фармуданд: «Гуноҳони соли гузаштаро аз байн мебарад».
(Муслим/1162)📚📚📚