Шаб ба хайр азизон 🌹🍀

Опубликовано: 23 Март 2026
на канале: ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
313
22

Ёдат ба хайр, аз ман агар ёд мекунӣ,
Ёди маро кашида ба бар, ёд мекунӣ.
Шомат пур аз ситораву субҳат сафед бод,
Аз ман агар ки шому саҳар ёд мекунӣ.
Имрӯз агар намекунӣ ёд аз мани ғариб,
Як рӯз бо ду дидаи тар ёд мекунӣ.
Рӯзе ки сӯхт ҷони ту аз оташи фироқ,
Аз ишқи ман ба сӯзу шарар ёд мекунӣ.
Рӯзе, зи ман, ки аз ғами ишқи ту сӯхтам
Бо изтиробу доғи ҷигар ёд мекунӣ..

Шаб ба хайр бод Азизони дил!!!