Нозанини эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ дид?

Опубликовано: 04 Август 2026
на канале: Ozodivideo
257,715
915

Як шаҳрванди Эрон пас аз озодӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароити нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард. Нозанин Мутеӣ дар охири соли 2022 ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошту панҷуним сол зиндонӣ шуд. Ӯро пеш аз вақт ва бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Худаш тасдиқ мекунад, ки ҳангоми гузаштани марзи Афғонистон ба даст шохаи хушки кукнор дошт, аммо бехабар аз онки дар Тоҷикистон ҷурм аст ва ӯро зиндон мунтазир. Нозанин Мутеӣ даъвати моро пазируфт ва розӣ шуд, ки дидаҳояшро бигӯяд.
Озодӣ дар Твиттер:   / radioiozodi  
Озодӣ дар Фейсбук:   / radio.ozodi  
Озодӣ дар Инстаграм:   / radioiozodi