Вохӯри бо занони муҳоҷири тоҷик дар ш.Москва

Опубликовано: 07 Июль 2026
на канале: САДОИ ХАК
6,379
12

11 майи соли ҷорӣ вохӯрии Консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Анвар Ибодзода бо занони муҳоҷир дар ҷои истиқоматашон (хобгоҳ) воқеъ дар сурғаи ш.Москва, баргузор гардида. Мақсадии асосии вохӯрӣ аз ҳолу аҳволи шаҳрвандон бохабар шудан, табрики онҳо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ва бохабар созии онҳо аз авфи муҳоҷирон, қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат буд. Ба Шаҳрвандон маълумоти мушаххас оид ба таҳияи ҳуҷатҳояшон ва қонунигардонии худ дар кишвари иқомат дода шуд. Ҳамзамон зимни сафари кормандони намояндагии Дипломатӣ ба муносибати моҳи шарифи рамазон ба шаҳрвандон маводҳои ғизоӣ тақдим гардид.
Шаҳрвандон дар давоми сӯҳбат бо Консул ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин, шаҳрвандоне, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриашон мушкилӣ доштанд, барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба рӯйхат гирифта шуданд.
Чунин иқдомҳоро Хадамоти консулии Сафорати ҶТ пайваста амалӣ мегардонад.