БЕЗОРИ ФАРЗАНД
Аҷаб дунёи пур ошуб яке безори фарзанд аст,
Яке дар ҳасрати фарзанд тану ҷонаш ба ғам банд аст.
Яке модар падар дорад мудом ин ҳарду озорад,
Яке дар ҳасрати ҳарду заминашро зи ғам корад
Яке султони даврон аст ба ношукри кунад куфрон,
Яке дар хоби ширинаш бубинад бурдае аз нон.
Яке бо ҷисми бе дардаш зи шукрона фаромӯш аст
Яке дар бистари хобаш ба бемори дар оғӯш аст.
Яке мӯяш сафед гаштаст надорад фикри ҷон додан,
Яке доим ба оби чашм бияндешад дами мурдан.
Яке аз панди пандгуён бигирад дарси ахлоқи,
Яке мағруру бе парвост бимонад дар хато боқи.
Мухаммадиқболи Раштӣ)