Полный запись на канале Daniel Abrams
• Avrom Tolmasov and Menashe Abramov Israel ...
Асири зулфи ту гардам, ки сар ба сар чин аст,
Фидои лаъли лабат мешавам, ки мо чин аст.
Гираҳ ба ҷабҳа заду бӯса доду бар ман гуфт,
Ки: «Ин тасаннуи Чин асту тарҳи Мочин аст».
Ман аз даҳони ту дашном орзу дорам,
Шунидаам, ки каломи ту сахт ширин аст.
Сарам бурида ба дастам бидоду гуфт: «Бирав,
Зи ишқ тавба накардӣ, сазои ту ин аст».
Сари буридаи худро гирифтаму гуфтам:
«Касе, ки дил ба касе дод, оқибат ин аст».
Гуле зи гулшани рўят начидаму мурдам,
Чаро, ки панҷаи Қассоб баски хунин аст.
Қассоби КОШОНӢ