МАҲСУЛИ КИШТ
Дидам ҷавоне,ки ба модар мегуфт,
Кай хоҳи ба зери хонаи қабрат хуфт.
Аз дасти ту ман хаставу афгор шудам,
Аз зиндаги дилмондаву безор шудам.
Тобу таби ман намонд бас аст ай модар,
То кай ту куни зиндагиро хуни ҷигар.
Бархез,ки туро хонаи пирон бубарам,
Шояд,ки зи ман рафъ шавад дарди сарам.
Хуллас,ки ҷавон чунин намуд бо модар,
Бо орзуи кам шудани мушкили сар.
Дасташ бигирифт ба хонаи пирон бурд,
Чанде нагузашт,ки модараш онҷо мурд.
Ҳатто ба ҷанозааш нарафт фарзандаш,
Эй вой чи қадар зиёду беш лабхандаш.
Чанде нагузашт,ки ин ҷавон ҳам пир шуд,
Аз заъфии ҷисму ҷони худ дилгир шуд.
Якка писараш варо парастор набуд,
Дар хона касе баҳри ӯ ғамхор набуд.
Мегуфт,ки падар кош рави аз бари мо,
Бо худ бибари ин ҳама дарди сари мо.
Якка писараш варо таҳаммул накард,
Бурдаш ба ҳамон хонаи танҳоиву сард.
Аз ранҷу ғами зиёд бишуд девона,
Расвои абад шуду аз ин вайрона.
Оре ту агар ба волидайнат чуни,
Дар охари умри хеш чу як маҷнуни.
Ин қиссаи асл аз қалами Иқбол аст,
Ӯ ҷилванамои хираду афъол аст.