Имрӯзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад, ки шахсони алоҳида рӯ ба талбандагиву садақаҷӯӣ оварданд. Шояд дар ҳақиқат баъзе аз онҳо муҳтоҷ бошанд. Аммо корбарии милитсия ҳолатҳои баръаксро низ нишон медиҳад, ки шахсони умуман ба шуғли гадоиву талбандагиро мояи рӯзгузаронӣ ҳисобидаанд.Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мардумфиребӣ ва чеҳраи аслии ҳамингуна як оиларо ошкор намуд. Шаҳрванд Раҳимова Тутихон Ҷумаевна соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи маҳаллаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров бо ҷалби фарзандони ноболиғаш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба ҳамингуна фаъолият одат кардааст. Шавҳари номбурда шаҳрванд Ғафуров Муродҷон Мирғафурович соли таваллудаш 1987 дидаву дониста барои машғул шудан ба талабандагӣ ва садақаҷӯии онҳо мусоидат карда ҳамарӯза тавассути воситаи нақлиёт онҳоро ба нуқтаи фаъолият саҳни маркази савдои «Амид» воқеъ дар маҳаллаи 13 шаҳри Хуҷанд дастрас ва бозпас мегирад. Ин дар ҳолест, ки зану шавҳар солиму бардам ва қобилияти кор кардан доранд ва бо назардошти шароити хуби зиндагӣ, манзили истиқоматӣ ва се адад воситаи нақлиёт аз ҷумла воситаи нақлиёти элоктромобил ва ду адад сабукрави «Опел-Астра» фақириву бенавоӣ ва эҳтиёҷмандиро ба онҳо нисбат додан рост намеояд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Муродҷон Ғафуров дар ҳоле ҳамсару фарзандонашро ба талбандагӣ сафарбар ва аз ин ҳисоб ба муфтхурӣ одат кардааст, ки худ тавасути воситаи нақлиёти гаронарзиш гашту гузор ва боз ду адад сабукравро ба иҷора дода даромади пулӣ ба даст меорад. Талбандагиву гадоии ҳамсар манбаъи иловагии даромад барои ин оилаи солим аст. Аз таъсири пеш бурдани рӯзгори носолим ду фарзанди хонавода ки хонандаи мактаб мебошанд на ҳама вақт дар дарсҳо ҳозир мешаванд. Бо мавҷудияти шароитҳои моддӣ воқеан наметавон ин оиларо ба табақаи ниёзманди ҷомеа мансуб донист.
Таҷрибаи амалии МКД нишон медиҳад, ки омили асосии рӯ ба муфтхурӣ овардани инсонҳои солим раҳмдилии мардуми хайрхоҳ аст, ки бо қонеъ кардани талаби садақаҷӯ сафи гадою талбандаҳоро зиёд кардааст. Ин дар ҳолест, ки мумкин аст хайру эҳсонро ба интернатҳо, хонаи маъюбону бепарасторон ва дигар корҳои ободонии ба манфиати ҷамъиятӣ нигаронидашуда сарф намуд.
Кормандони милитсия бо оилаи Ғафуровҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида огоҳ намуданд, ки аз ин шуғли ба шахси солим номуносиб худдорӣ намоянд ва ба меҳнат ва зиндагии солим машғул шаванд. Дар сурати такрорёбӣ онҳо тибқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
**************************************************************************
Милитсия хабар медиҳад. Ин барномаест, ки аз ҷониби дафтари матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд омода шуда, дар ду ҳафта як маротиба тарики эфири телевизионҳо пахш мешавад.