Бо қарори суди шаҳри Конибодом нисбати ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи БМВ рақами қайди давлатиаш тҷ 88-80 ХТ 02 Урунбек Ахмедов санаи таваллудаш 23.11. 1991 истиқоматкунандаи кӯчаи Ортиқови шаҳри Конибодом барои идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва маҳрум гардидан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 5 сол таъин гардид. Номбурда дар ҳолати мастӣ шабона воситаи нақлиёти ба падараш таалуқ доштаро идора намуда дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом ба амали халалдоркунандаи тартибот дар ҷойи ҷамъиятӣ даст мезанад. Аниқтараш бо суръати баланд дар ҷойи ист сабукравро шиддатнок давр занонида ба истилоҳ «Дрифт» карда ҳолати воқеъии хавфдошта барои дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро анҷом медиҳад. Хатсайри роҳбонии милитсия ҳангоми иҷрои ҳуқуквайронкунӣ ронандаи беинтизомро боздошт ва ӯро аз идомаи идораи бетартибонаи воситаи нақлиёт манъ намуд.
Дар асоси ҳолатҳои ошкоршуда нисбати Урунбек Ахмедов бо м. 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ маводҳои лозимаи мурофиавӣ тартиб дода шуда тавре дар боло қайд намудем дар сатҳи меъёрҳои қонун суд ба ӯ ҷазои сазовори маъмуриро раво донист.
Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ронандагонро бори дигар воқиф месозад ки воситаи нақлиёт ва кӯчаю роҳҳои нақлиётгард ашё ё ҷойи дилхушию худнамоӣ набуда риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳама ҳатми мебошад.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
******************************************************************************Милитсия хабар медиҳад. Ин барномаест, ки аз ҷониби дафтари матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд омода шуда, дар ду ҳафта як маротиба тарики эфири телевизионҳо пахш мешавад.