#Рӯйдоди_муҳим

Опубликовано: 23 Август 2026
на канале: PRESSA TJ
255
2

Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон»

Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 18 октябри соли равон дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор мешавад.
Дар доираи ин синамоҷоиза, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Узбекистон, Татаристон ва Ҳиндустон, ҳамзамон Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва Шурои директорони киностудияҳо доир мегарданд.
Филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ низ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.


WEB-САЙТИ МО: https://www.pressa.tj
Телефони масъули реклама: +992 93 111 08 61
Телефони редаксияи Рressa.tj: 221 06 44
Саҳифаи шарикон: https://www.arzon.tj
YouTube тавсия медиҳад:    / oilatj