Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор муборак!
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ҳамасола 5уми октябр дар ҷаҳон ва рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали октябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад.
Омӯзгор ҳамчу борон бар замини хушки андешаҳо меборад, инсонро аз зулмату ҷаҳлу нодонӣ наҷот мебахшад. Гулҳои илмро дар гулистони вуҷуд мепарварад ва шаҳди ширини донишро ба коми ташнагони илм мерезад. Воқеан устод ситорапардоз аст, ситораҳоро нақш мебандад, ҷило медиҳад ва дар осмони зиндагӣ раҳо месозад.