23-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши саноатикунонӣ дар пешрафти истеҳсолот ” бо ибтикори факултети технология баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.