Ҳанӯз чанд сол қабл, дар кишвари зебоманзарамон-Тоҷикистон қишри фаъоли ҷомеа, ҷавондухтаронро барои идомаи таҳсил ва соҳибкасб гаштан тавассути корҳои ташвиқу тарғиботии худ ҷалб ва ҳавасманд мегардониданд. Аммо имрӯз дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ метавон занону бонувонро дид, ки дар қатори мардони ғайюр кору фаъолият менамоянд. Чун қариб ҳамаи ҷавондухтарон, пас аз хатми муассисаҳои таълимии миёна, барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳо ҳуҷҷат супорида, ҳам илм меомӯзанд ва ҳам касберо аз худ мекунанд. Гузориши навбатии #Низомиддин_Исоев дар ин хусус.