Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сол то сол воридоту парвариши дарахтҳои нодиру меваҳои тропикӣ ва ситрусии гуногун зиёд мегардад. Чун сокинони меҳнаткаши ин минтақаи вилояти Хатлон, дар баробари истеҳсоли барзиёди полезӣ, зироати кишоварзӣ, мехоҳанд дар дигар самтҳои хоҷагидорӣ таҷрибаи худро санҷанд. Қаҳрамони матлаби навбатии мо низ аз зумраи нафаронест, ки афлесун, мандарин, грейпфрут ва лаймро парвариш намуда, мехоҳад номгӯи ин меваҳоро дар гармхонаи худ бозҳам зиёд намояд. Гузориши Низомиддин Исоев ва Толибҷон Сайфов аз ноҳияи Ҷайҳун, ин навбат аз парвариши меваҳои гуногуни ситрусӣ нақл мекунад.
#Низомиддин_Исоев