Азоб додани мардум аз гуноҳони кабира ва хеле хатарнок аст. Касоне, ки ба ҳар навъе мардумро азоб медиҳанд, Яқин бидонанд, ки Адли Парвардигор онҳоро беҷазо намемонад. Ҳатто ҳайвонеро ҳам агар азоб диҳанд, Албатта ҷазои онро дар дунё ва охират мебинанд. Дар ривояти Муслим омадааст, ки Ҷаноби Расулуллоҳ (с) мефармоянд: Худованд азоб медиҳад касонеро, ки мардумро дар дунё азоб медоданд. Паноҳ ба Худованд. Ин хеле ваъиди сахте аст. Эй касоне, ки ба мардум зулму ситам мекунеду онҳоро азоб медиҳед, аз азоби Аллоҳ битарсед! Азоби худованд хеле дарднок аст.
КАНАЛИ МО ДАР ТЕЛЕГРАМ https://t.me/nasihat2020
#ТОЧИКИ #ИБНИ_САЪДИ #НАСИХАТ