ВАЙ БА ҲАММАИ ДУОҲОЯШ ҶАВОБ МЕГИРИФТ. Sirat-Ul-Yaqin

Опубликовано: 28 Сентябрь 2026
на канале: SIRAT-UL- YAQIN
430
8

САҲОБАЕ, КИ БА ҲАММАИ ДУОҲОЯШ ҶАВОБ МЕГИРИФТ. Sirat-Ul-Yaqin

Агар мехоҳед моро дастгирӣ намоед, пас ба шабакаҳои мо даp YouTube Facebook Instagram бо номи "SIRAT-UL-YAQIN" обуна шавед.
Наворҳои моро ба ёру дӯстонатон фиристед ва тавсия намоед то моро ҳамроҳӣ кунанд.

Обуна шудан ба канал:

   / @tajreyting  

📲Мо дар шабакахои ичтимои:

📌Facebook:   / siratulyaqin  

📣Дустони азиз! 📣
📌Баъд аз тамошои ин навор хатман ангуштро боло кунед👍
💭Фикрхоятонро дар зери ин навор нависед ва дар шабакахои ичтимоии имо ватсап ба дигарон пахн кунед, то дар кори савоб шарик гардед.
📌Хатман ба шабакаи "Sirat-Ul-Yaqin" обуна шавед ва ба ёру дустон низ тавсия намоед то моро хамрохи кунанд!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Сӯҳбати худро оиди ин саҳоба аз як ҳодисае ки бо вай рух дода буд оғоз мекунем. Замоне Арва бинти Вейс аз болои ӯ шикоят карда гуфт, ки вай ҳуқуқҳои маро поймол карда, фалон ва фалон чизҳои маро гирифтааст. Вай ҳатто гуфт, ки агар чизҳояшро дубора нагирад, ба масҷиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад рафт ва он ҷо барои ҳамма корҳои кардаи ӯро мегӯяд.
Ин саҳобаи пур аз нур мегуфт:
Наход шумо гумон кунед, ки ман чизе аз замини ӯ барои худ гирифта бошам. Дар ҳолате, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунида будам, ки гуфтанд:
Оне, ки ноҳақ ва бо зулм панҷяки заминро гирад, Худованд рӯзи Қиёмат ӯро бо ҳафт замин азоб хоҳад дод.
Вай мефаҳмид, ки ин кор кори баде аст. Ва ин гуноҳ аст. Баъд вай дуо кард, ки Худоё агар ӯ дурӯғ гуфта бошад, биноиашро аз вай бигир ва дар замини худаш ӯро хор гардон.
Чӣ гунае, ки мардум мегуфтанд, ин зан баъди муддате кӯр шуд ва дар замини худ бо душворӣ ҳаракат мекард. Вай доим мегуфт, ки ин натиҷаи дуои Саид ибни Зейд аст.
Ва ин он саҳобаест, ки дар ин силсила оиди ҳаёти ӯ маълумот хоҳем дод. Саид ибни Зейд ибни Амр (р).
Инак Арва кӯр шуд ва дар охир ба чоҳе ки дар заминаш буд, афтид. Вай дар он чоҳ вафот кард ва ҳамон чоҳ барояш гӯр шуд. Ин буд ҷавоби Худованд ба дуои Саид ибни Зейд (р).
Ин аст подоши оне ки инсон бо роҳи ҳалол рисқашро ба даст меорад. Зеро мо медонем, ки яке аз сабабҳои қабул шудани дуо ин луқмаи ҳалол аст. Нафаре, ки дар роҳи рост аст, ҳеҷ гоҳ луқмаи ҳаромро нахоҳад гирифт ва бар ивази ин Худованд ба дуоҳои ӯ ҷавоб медиҳад. Ба Саид ибни Зейд (р) тӯҳмат карданд, лекин вай гуфт, ман ин корро накардаам ва барои туҳматчии худ дуо кард, ки Худованд ҷавоби дуои ӯро дод. Ва ин ишора ба он аст, ки агар ту низ мехоҳӣ то Худованд ба дуоҳоят ҷавоб дода бошад, пас фикр кун ки ҳар як луқма ва ҳар як дирҳаме ки ба даст меорӣ бо кадом роҳ меоянд?
Саид ибни Зейд (р) пеш аз оне ки Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам даъвати худро дар хонаи Ал-Арқама оғоз карда буданд, аллакай исломро қабул карда буд. Мегўянд, ки вай 14-ум нафаре буд, ки исломро қабул кард ва ҳар касе ки тезтар исломро қабул кард албатта подошашро хоҳад гирифт.
Вай 23 сол пеш аз ҳиҷрати Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ба дунё омадааст. Яъне вақте, ки вай исломро қабул кард, ҳоло хело ҷавон буд. Саид ибни Зейд (р) яке аз даҳ саҳобагоне буд, ки хабари ба Биҳишт дохил шуданашро ҳангоми зиндагиаш гирифта буд. Чӣ гуна ва барои чӣ Худованд ӯро ба ин Лоиқ донист? Ҳар яки мо мехоҳем ба Биҳишт дохил шавем. Пас ба ҳаёти Саид ибни Зейд (р) бояд нигарем ва дарсе аз он ҷо барои худ бигирем.
________________________________________
#ба_канал_ва_гуруххои_мо_обуна_шавед
#аз_ҳаёти_саҳобагон #Насиҳат #видеохои_исломи #Душанбе #2020 #SIRAT-UL-YAQIN #siratulyaqin #СИРАТ-УЛ-ЯҚИН #сиратуляқин #баракат #хайру_эҳсон #Розигии_Аллоҳ #нури_имон #Оила #фариштагон #Ризк #ризку_рузи #дуои_ризку_рузи #БАРАКАТ_ДАР_ХОНА. SIRAT-UL-YAQIN #мухаммадпаёмбар #расули_Худо #паёмбар #як_лахза #як_кисса #Бародари_муслим #хадисхо #хадисхои_пайгамбар #хадисхои_бехтарин #хадисхо_бо_забони_форси #хадисхои_пайгамбар_бо_забони_точики #хазрати_умар #хазрати_умар_ибн_хаттаб #сахехи_бухори_бо_забони_точики #китоби_сахехи_бухори #амри_маъруф #хочи_мирзо #эшони_нуриддинчон #эшони_нуриддин #амри_маъруф_точики #бо_забони_точики #расули_акрам #дини_мубин #намоз #руза #закот #Хач #хонаи_Худо