АБӮЗАР(Р). САҲОБАЕ КИ ТАНҲО ЗИСТ ВА ДАР ТАНҲОИ ВАФОТ КАРД. АЗ ҲАЁТИ САҲОБАГОН. Sirat-Ul-Yaqin
Агар мехоҳед моро дастгирӣ намоед, пас ба шабакаҳои мо даp YouTube Facebook Instagram бо номи "SIRAT-UL-YAQIN" обуна шавед.
Наворҳои моро ба ёру дӯстонатон фиристед ва тавсия намоед то моро ҳамроҳӣ кунанд.
Обуна шудан ба канал:
/ @tajreyting
📲Мо дар шабакахои ичтимои:
📌Facebook: / siratulyaqin
📣Дустони азиз! 📣
📌Баъд аз тамошои ин навор хатман ангуштро боло кунед👍
💭Фикрхоятонро дар зери ин навор нависед ва дар шабакахои ичтимоии имо ватсап ба дигарон пахн кунед, то дар кори савоб шарик гардед.
📌Хатман ба шабакаи "Sirat-Ul-Yaqin" обуна шавед ва ба ёру дустон низ тавсия намоед то моро хамрохи кунанд!
Ин саҳобаи пур аз нуре ки имрӯз оидаш сӯҳбат мекунем, пеш аз оне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро вохӯрда буд, аллакай ибодат мекард. Яъне вай се сол пеш аз оне ки бо Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам вохӯрд аллакай ибодат ба Худованди якто мекард. Баъзан шаб ва баъзан ҳангоми саҳар барои ибодат бармехест ва доим дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд.
Як замон бародари вай Унейс ба Макка равона шуд. Баъд вақте ки дубора ба хона баргашт ба бародари худ гуфт, ки ман он ҷо нафареро пайдо кардам, ки ба Худованди якто ибодат мекунад ва ибодати ӯ монанди оне аст, ки ту ибодат мекунӣ.
Вай аз бародараш пурсид, мардум оиди ӯ чӣ мегӯянд?
Мардум мегӯянд, ки вай шоир ва ҷодугар аст. Вале ман худ суханҳои ӯро шунидам. Ман худам шоир ҳастам ва мегӯям ки суханҳои вай ба шеър монанд нест ва ӯ на шоир асту на ҷодугар. - ҷавоб дод Унейс.
Ӯ рост мегӯяд, мардум бошад дурӯғ.
Баъдан вай дар куҷо будани ин паёмбарро ба бародари худ фаҳмонид.
Ин инсони пур аз нур, ин саҳобаи зебо танҳо ба хотири паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сафар баромад. То бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам во хӯрда аз ӯ пурсон шавад, ки чӣ гуна ибодат мекунад.
Вақте ба Макка расид аз мардум пурсон шуд:
Оне, ки аз дини шумо хориҷ шудааст, куҷост? Мардуми он ҷо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро ингуна меномиданд.
Вақте ки мардум огаҳ шуданд, ки вай Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мекобад, ӯро ончунон лату кӯб карданд, ки баданаш пур аз хун шуд. Пас аз ин вай чи кор кард.
Вай нагуфт, ки бас аст. Маро чӣ зарур аст, ки ин ҳама ранҷу азобро таҳаммул кунам. Вай нагуфт, ки ман беҳтар ба хона бармегардам.
Вай бархост танашро бо оби Замзам шуста назди Каъба пинҳон шуд. Он ҷо 30 рӯз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро интизор монд.
Шумо ин сабру таҳаммули ӯро бубинед. Зеро мо баъзан бар болои он ки оятҳои Қуръонро медонем, ҳадисҳои бисёр медонем ва медонем, ки чӣ гуна бояд дубора ба сӯи Аллоҳ баргардем. Бар болои ҳаммаи ин мо боз мегӯем, ки ман мехоҳам тавба кунам ва ба сӯи Аллоҳ баргардам, вале Худованд маро ҳидоят намекунад. Мо ҳаммаро медонем ва медонем ки бояд аз таҳи дил тавба кард, бояд сабуриро пеша кард, лекин дар амал на ҳамавақт ин корҳоро мекунем.
Онҳо бошад, намедонистанд, онҳо худ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат мешуданд, то як оятеро биомӯзанд, то як ҳадисе аз худ намоянд.
________________________________________
#ба_канал_ва_гуруххои_мо_обуна_шавед
#Насиҳат #видеохои_исломи #Душанбе #2020 #SIRAT-UL-YAQIN #siratulyaqin #СИРАТ-УЛ-ЯҚИН #сиратуляқин #баракат #хайру_эҳсон #Розигии_Аллоҳ #нури_имон #Оила #фариштагон #Ризк #ризку_рузи #дуои_ризку_рузи #БАРАКАТ_ДАР_ХОНА. SIRAT-UL-YAQIN #мухаммадпаёмбар #расули_Худо #паёмбар #як_лахза #як_кисса #Бародари_муслим #хадисхо #хадисхои_пайгамбар #хадисхои_бехтарин #хадисхо_бо_забони_форси #хадисхои_пайгамбар_бо_забони_точики #хазрати_умар #хазрати_умар_ибн_хаттаб #сахехи_бухори_бо_забони_точики #китоби_сахехи_бухори #амри_маъруф #хочи_мирзо #эшони_нуриддинчон #эшони_нуриддин #амри_маъруф_точики #бо_забони_точики #расули_акрам #дини_мубин #намоз #руза #закот #Хач #хонаи_Худо