Саҳобае ки Паёмбар (с) аз ҳама бештар дӯст медоштанд. Sirat-Ul-Yaqin

Опубликовано: 12 Июль 2026
на канале: SIRAT-UL- YAQIN
472
7

Усома ибни Зейд (р). Саҳобае ки Паёмбар (с) аз ҳама бештар дӯст медоштанд. Sirat-Ul-Yaqin

Агар мехоҳед моро дастгирӣ намоед, пас ба шабакаҳои мо даp YouTube Facebook Instagram бо номи "SIRAT-UL-YAQIN" обуна шавед.
Наворҳои моро ба ёру дӯстонатон фиристед ва тавсия намоед то моро ҳамроҳӣ кунанд.

Обуна шудан ба канал:

   / @tajreyting  

📲Мо дар шабакахои ичтимои:

📌Facebook: https://clck.ru/MKYPy

📣Дустони азиз! 📣
📌Баъд аз тамошои ин навор хатман ангуштро боло кунед👍
💭Фикрхоятонро дар зери ин навор нависед ва дар шабакахои ичтимоии имо ватсап ба дигарон пахн кунед, то дар кори савоб шарик гардед.
📌Хатман ба шабакаи "Sirat-Ul-Yaqin" обуна шавед ва ба ёру дустон низ тавсия намоед то моро хамрохи кунанд!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Инсони пур аз нуре ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дӯсташ медоштанд, фарзанди саҳобаи пур аз нуре буд, ки дар қисмати гузашта оиди зиндагиаш ҳарф зада будем.
Имрӯз бошад оиди Усома ибни Зейд (р) сӯҳбат мекунем.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як зонуи худ Ҳусейн ва дар дигар зонуяшон Усомаро мешинонданд ва мегуфтанд:
Худоё ман онҳоро дӯст доштам, Ту низ онҳоро дӯст бидор.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам медонистанд, ки дар ин дунё барои одам беҳтар аз оне ки Худованд ӯро дӯст дорад чизи дигаре нест. Барои ҳамин ингуна дуо мекарданд.
Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Охир вақте ки Худованд шуморо дӯст дорад боз чи беҳтар аз инро метавон талаб кард? Барои ҳамин мо бояд ҳатман кӯшиши онро кунем ки аз инсонҳое шавем, ки Худованд дӯст медорад.
Ҳамин тавр Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам Усома (р)-ро дӯст медоштанд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ӯро ҳамеша дар пушти худ болои чорвои савориашон мешинонданд. Мисол вақте Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба дидори Саъд ибни Убода (р) рафтанд. Ва кӣ дар қафои ҳазрат нишаста буд? Бале Усома ибни Зейд (р).
Ҳангоми забт кардани Макка кӣ дар пушти Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам нишаста буд? Усома ибни Зейд (р). Ҳатто ҳангоми Ҳаҷҷ низ ҳазрат Усома (р)-ро дар пушти худ мешинонданд.
Арабҳо медонистанд, ки баъди нишасти офтоб дар Арафа бояд ба Муздалифа ҳаракат намуд. Офтоб аллакай нишаста буд, вале Расули Акрам салаллоҳу алайхи ва саллам ба ҳеҷ ҷо намерафтанд. Арабҳо низ интизор буданд. Ва ин дам Усома ибни Зейд (р) омад. Вай омад аз пеши одамон гузашта рафт ва аз паси Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам нишаст. Баъд Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаракат карданд.
Мардум мегуфтанд, ки ин барои ҳамин кӯдак мо ин қадар интизор будем?
Усома ибни Зейд (р) нафаре буд, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам хело дӯст медоштанд.
Оиша (р) мегӯяд, ки рӯзе оби бинии Усома ибни Зейд (р) фаромад ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам то он дараҷа ӯро дӯст медоштанд, ки хостанд биниашро тоза кунанд. Баъд ман бинии ӯро тоза кардам. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд, ки Оиша ман ӯро дӯст доштам, ту низ ӯро дӯст бидор.
Мо низ бояд ҳамингуна Усома ибни Зейд (р)-ро дӯст дорем, зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ӯро дӯст медоштанд.
________________________________________
#ба_канал_ва_гуруххои_мо_обуна_шавед
#Насиҳат #видеохои_исломи #Душанбе #2020 #SIRAT-UL-YAQIN #siratulyaqin #СИРАТ-УЛ-ЯҚИН #сиратуляқин #баракат #хайру_эҳсон #Розигии_Аллоҳ #нури_имон #Оила #фариштагон #Ризк #ризку_рузи #дуои_ризку_рузи #SIRAT_UL_YAQIN #sirat_ul_yaqin #сират_ул_яқин #мухаммадпаёмбар #расули_Худо #паёмбар #як_лахза #як_кисса #Бародари_муслим #хадисхо #хадисхои_пайгамбар #хадисхои_бехтарин #хадисхо_бо_забони_форси #хадисхои_пайгамбар_бо_забони_точики #хазрати_умар #хазрати_умар_ибн_хаттаб #сахехи_бухори_бо_забони_точики #китоби_сахехи_бухори #амри_маъруф #хочи_мирзо #эшони_нуриддинчон #эшони_нуриддин #амри_маъруф_точики #бо_забони_точики #расули_акрам #дини_мубин #намоз #руза #закот #Хач #хонаи_Худо