Дуои имруза дар сураи Оли Имрон ояти 8 омадааст:
"Раббана латазиғ қулубана баъдан из ҳадятана ваҳаб-лана минладунка раҳмаҳ. Иннака анталваҳҳаб."
"Эй Парвардигори мо, баъд аз он, ки ба мо роҳ намудӣ, дилҳои моро каҷ макун. Ва барои мо аз назди Худат неъмат ато кун, ҳамоно Ту Атокунандаӣ."
Ин дуо дар саҳифаи аввал ва дар оятҳои аввали сура омадааст.
Худованд мегуяд, ки Қуръон, ки Ӯ ба мо фиристод аз ду намуд оятҳо иборат аст.
Намуди якум оятҳои кушод ва равшан, ки маъниашон фаҳмо аст ва Худованд ин намуди оятҳоро "муҳкамат" номидааст.
Намуди дуюм "муташабиҳат" ин оятҳо метавонанд якчанд маъно дошта бошанд.
Худованд мегӯяд, ки онҳое, ки мехоҳанд байни мардум нофаҳми ва дудилагӣ биоваранд аз оятҳое истифода мекунанд, ки якчанд маъно доранд, онҳо маънии аслии оятро яксӯ мегузоранду онро дигархел тафсир мекунанд ва дар охир онҳо Қуръонро рад мекунанд.
Вале онҳое, ки имонашон комил аст, мегӯянд, мо ба пуррагӣ имон овардаем ва боварии комил дорем, ки ин китоб яъне Қуръон аз ҷониби Аллоҳ фиристода шуд. Баъд онҳо ин дуоро мехонанд:
"Раббана латазиғ қулубана баъдан из ҳадятана ваҳаб лана минладунка раҳмаҳ. Иннака анталваҳҳаб."
"Эй Парвардигори мо, баъд аз он, ки ба мо роҳ намудӣ, дилҳои моро каҷ макун. Ва барои мо аз назди Худат неъмат ато кун, ҳамоно Ту Атокунандаӣ."
Ин дуо барои мо на танҳо барои набаромадан аз роҳи рост балки боз барои он лозим аст, ки мо баъд аз оне, ки сухани ҳақ ба мо расид пурра ба он пайравӣ кунем.
Зеро мо мебинем нафаронеро, ки дини худро тарк карданд. Ва сабаби ин корашон он буд, ки онҳо якчанд оятҳоеро пайдо карданд, ки метавонад чанд маъноро ифода кунанд ва маънии асосии онро нафаҳмида онро нодуруст тафсир мекунанд ва бо ҳамин дар дилашон шак пайдо мешавад. Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки онҳо забони арабиро намедонанд ва ин оятҳоро аз сайтҳои гуногун, ки махсус барои аз роҳ задани онҳо ташкил мешаванд пайдо мекунанд. Дар Қуръон оятҳое ҳастанд, ки ақли одам наметавонад онҳоро ба пуррагӣ дарк кунад ва тафсири пурраи онҳо танҳо дар назди Аллоҳ аст...
Дуо барои дар роҳи рост истодан. БАРОДАРИ МУСЛИМ
📰Обуна шудан ба канал: / @tajreyting
📲Мо дар шабакахои ичтимои:
📌Facebook: https://m.facebook.com/groups/6341891...
#ба_канал_ва_гуруххои_мо_обуна_шавед
#бародари_муслим #мухаммадпаёмбар #расули_Худо #паёмбар #як_лахза #як_кисса #Бародари_муслим #хадисхо #хадисхои_пайгамбар #хадисхои_бехтарин #хадисхо_бо_забони_форси #хадисхои_пайгамбар_бо_забони_точики