https://www.bozorsobir.com
https://www.bozorsobir.com/books
https://en.wikipedia.org/wiki/Bozor_S...
/ bozorsobir
АЗ ДАРАХТИ СОЯ АФТОДАМ
Вақте ки ман як бачае будам,
Ошиқи духтарчае будам,
У маро аз тори болохона-шон
Бо забонаш сӯз медод,
Бар сарам ё ҳарчи мепартофт,
Худ наметофт.
Хонаи онҳо сафедак буд,
Девори сафедак дошт.
Мо дар он шабҳои тобистон
Дар таги тути қаторак,
Чашмҳо тар аз даҳанвоҷак,
Чашмҳои хастаро молида медидем
Ҷанги сурхону сафедонро –
Беҳтарин кино.
Ман вале шабҳои маҳтобӣ дар он девор
Соя мекардам тамошо,
Сояравшан кам набуд аз ҳеҷ кино.
Дар ҳамон вақте ки маҳтоб
Аз лаби
Ёли Камар метофт,
Аз дарахте дар тани девор
Дарахти соя мерӯид тираквор,
Қад кашидан мегирифт оҳиста-оҳиста,
Ҳамчу кӯдакҳо, ки меёзанд,
Қад мекашанд аз қадкашакҳо.
Ман зи ҳайрат,
Моту мабҳут,
Ҷо ба ҷо як соя мегаштам,
Панҷаам бе устухони соягӣ мешуд,
Дасту поям худ ба худ беустухони соягӣ мешуд.
Ман ду дасти соягиамро,
Бар дарахти соя печонида маҳкам,
Ҳарду пои соягиамро
Ки то нӯгаш бароям, лек ҳайҳот...
Ногаҳон шаббода меомад,
Дастҳоям дар лаби бомаш,
дарахти соя меларзид,
Дасту пои соягии ман ҳам ба он якҷоя меларзид,
Дасту пои соягии ман
Аз лаби бомаш хато мехӯрд,
Бар замин афтида хомӯш,
Мепаридам, ҳар чӣ буд, аз ҳӯш...
Модарам аз шабдарав, аз пушта баргашта,
Хобу хоболудаам
Зери каш мекарду мегуфт:
Бачаи бечораи ман тоқу танҳо
Монда ин ҷо маҳтали кино.
Бозор Собир
Bozor Sobir, Бозор Собир, بازار صابر, Бозор Собір,
Аз хуни Сиевушем, Сиявуш, Девори Бухоро, Оташи Зардушт, Дубора созамат Ватан, Ҷои ту холист, Ту ними мани, Дидори Ватан.
، ایران ، دوشنبه ، تاجیک ، تاجیکستان ، بازار صابر، زبان مادری ، تاجیکی ، دری ،شعر فارسی ، بخارا، سمرقند، تاجیک ، پرنده های مهاجر به لانه برگشتن ، پرنده های مهاجر ، دوباره یسازمت وطن ، پهلوان رفیع ، آتش زرتشت ، از آتش زرتشتیم ، دوباره ماه بدر شد چرا نمی آیی ، افغانستان ، خون سياوش ، استقلال ، داوود پژمان ، استاد بازار صابر، از خون سياوشيم ، فارسی ،
az khuni siyovushem dobara sazamat vatan atash zardosht Istiqlol istiklol dushanbe stalinabad bukhara farsi persian dari forsi iran persian afghanistan poetry bozor sobir stalinobod samarkand parandehaye mohajer afghanistan dawood pazhman тadzhikistan тadjikistan тоҷикистон бозор собир хуни сиевуш самарканд забони модарӣ бухоро озоди истиқлол персидский фарси бухара персидская поэзия афганистан истиклол истиқлолият ахбор забони модари новости таджикистан душанбе сталинабад чои ту холист кишлокаки ман буи чапоти дора точикистон