https://www.bozorsobir.com
https://www.bozorsobir.com/books
https://en.wikipedia.org/wiki/Bozor_S...
/ bozorsobir
БОРОН
Зангӯлазанон гузашт борон,
Чобӯку чавон гузашт борон,
Бо чилчилаҳо гузашт борон,
Бо шилшилаҳо гузашт борон,
Бо силсилаҳо гузашт борон,
Монанди занон гузашт борон,
Гесӯи занона дошт борон,
Луълуи занона дошт борон,
Аз тирукамони ранга-ранга
Абрӯи занона дошт борон;
Дар шишачаи ҳубобаш атри
Хушбӯи занона дошт борон.
Монанди занон чамида мерафт,
Мӯяш ба замин расида мерафт,
Нозаш ба замин чакида мерафт,
Абрӯи камони рангаашро
Бо ишва қалам кашида мерафт....
Оинаи ҳар тиреза тар буд,
Аз қатраи реза-реза тар буд,
Аз дидани ҳар тирезаи тар
Дил тозаю дида тозатар буд,
Як рӯи занона дар назар буд.
Борон ғами чилрӯзаро шуст,
Борон дилу дидаи маро шуст,
Оинаи ҳар тирезаро шуст,
Оинаи синаи маро шуст…
Зангӯлазанон гузашт борон,
Чобӯку чавон гузашт борон,
Бо чилчилаҳо гузашт борон,
Бо шилшилаҳо гузашт борон,
Бо силсилаҳо гузашт борон,
Монанди занон гузашт борон;
Борони ҳаво давои дилҳо,
Дорӯи шукуфаҳои дилҳо.
Бозор Собир
" Аз "Гули хор" то "Симхор" "
Bozor Sobir, Бозор Собир, بازار صابر, Бозор Собір,
Аз хуни Сиевушем, Сиявуш, Девори Бухоро, Оташи Зардушт, Дубора созамат Ватан, Ҷои ту холист, Ту ними мани, Дидори Ватан,
، ایران ، دوشنبه ، تاجیک ، تاجیکستان ، بازار صابر، زبان مادری ، تاجیکی ، دری ،شعر فارسی ، بخارا، سمرقند، تاجیک ،
، دوباره یسازمت وطن ، آتش زرتشت ، از آتش زرتشتیم ، خون سياوش ، استقلال ، استاد بازار صابر، از خون سياوشيم ، فارسی ،
az khuni siyovushem dobara sazamat vatan atash zardosht Istiqlol istiklol dushanbe stalinabad bukhara farsi persian dari forsi iran persian poetry bozor sobir stalinobod samarkand тadzhikistan тadjikistan тоҷикистон бозор собир хуни сиевуш самарканд забони модарӣ бухоро озоди истиқлол персидский фарси бухара персидская поэзия истиклол истиқлолият ахбор забони модари новости таджикистан душанбе сталинабад чои ту холист кишлокаки ман буи чапоти дора точикистон