https://www.bozorsobir.com
https://www.bozorsobir.com/books
https://en.wikipedia.org/wiki/Bozor_S...
/ bozorsobir
МАН ХУДАМРО КУШТА КУШТА…
Гӯиё ман пеш аз ин ҳам,
Солҳои бешуморе зинда будам,
То кунун будам ҷавону пир,
То кунун вобастаи дуньёву дуньёгир.
Гарчи дар ҳукми дарахти наврасам ман,
Дидаам бас навбаҳоронро,
Дидаам бас баргрезонро,
Дидаам дар пояам сад бор пайванд,
Монда андар пояи ман банди ҳар пайванд,
Монанди гиреҳбанд.
Бар ман аз наздик бинед,
То маро чун ман шиносед,
То маро чун ман биёбед аз хароботи Хуросон,
Ҳамчунон таърихи Кӯшон.
Вой бар ман, вой бар ман, вой бар ман...
Пеш аз ин будам,
Валекин ман кӣ будам?
Ё чӣ будам?
Бо шаҳидон ман шаҳид будам,
Бо асирон дар асорат,
Чун ки кардам хешро ғорат.
Ҳаст нақши ман дар он нақше, ки мерезад ғамангез
Аз манору бурҷи Систон.
Ҳаст доғи ман дар он сангон, ки хомӯшанду гирьён,
Дар мазори Рӯдакиву Оли Сомон.
Бомиёнро сохтам ман,
Бомиёнро сӯхтам ман.
Қофиён пардохтам ман,
Қофиёнро бохтам ман.
Тахти Доро дар раҳи ман буд,
Ганҷи Қорун дар кафи ман буд,
ман додам ба бодаш,
Коҳи бодовардаву хоки сияҳ кардам ҳисобаш.
Оташафшон низ ман будам, дар оташ низ ман,
Ҷабрфармо низ ман будам, ҷафокаш низ ман,
Номусулмон низ ман будам, мусулмон низ ман.
Балки шайтон низ ман будам
Ва яздон низ ман.
Дод аз ман, дод аз ман,
Аламон, фарьёд аз ман.
Буалиро аз Бухорои шариф ман карда берун,
Тирмизиро ман фикандам дӯш дар дарьёи Ҷайҳун.
Барҳадар хуни Низомулмулкро ман рехтам,
Балки хуни мулкро ман рехтам,
Гаҳ «Абисто»-ро кушодам,
Гӯӣ дуньёро кушодам.
Гаҳ гирифтам ҷилди «Қуръон»,
Гаҳ шудам ҳамроҳи шайтон.
Он қадар сарҳо шикастам,
Ки сарам аз санг гашта.
Балки кардам зиндагонӣ
Ман худамро кушта-кушта,
Вой бар ман, вой бар ман,
Эй худо, бахшоӣ бар ман!
Бозор Собир
Bozor Sobir, Бозор Собир, بازار صابر, Бозор Собір,
Аз хуни Сиевушем, Сиявуш, Девори Бухоро, Оташи Зардушт, Дубора созамат Ватан, Ҷои ту холист, Ту ними мани, Дидори Ватан, Dawood Pazhman,
، ایران ، دوشنبه ، تاجیک ، تاجیکستان ، بازار صابر، زبان مادری ، تاجیکی ، دری ،شعر فارسی ، بخارا، سمرقند، تاجیک ، پرنده های مهاجر به لانه برگشتن ، پرنده های مهاجر ، دوباره یسازمت وطن ، پهلوان رفیع ، آتش زرتشت ، از آتش زرتشتیم ، دوباره ماه بدر شد چرا نمی آیی ، افغانستان ، خون سياوش ، استقلال ، داوود پژمان ، استاد بازار صابر، از خون سياوشيم ، فارسی ،
az khuni siyovushem dobara sazamat vatan atash zardosht Istiqlol istiklol dushanbe stalinabad bukhara farsi persian dari forsi iran persian afghanistan poetry bozor sobir stalinobod samarkand parandehaye mohajer afghanistan dawood pazhman тadzhikistan тadjikistan тоҷикистон бозор собир хуни сиевуш самарканд забони модарӣ бухоро озоди истиқлол персидский фарси бухара персидская поэзия афганистан истиклол истиқлолият ахбор забони модари новости таджикистан душанбе сталинабад чои ту холист кишлокаки ман буи чапоти дора точикистон