Мактубҳои муштариён ба МегаФон Тоҷикистон аз тамоми кишвар ворид мешаванд. Пас аз дастраскунии дархости сокинон сараввал сифати телеком-хизматрасониҳо дар ноҳияе, ки дар борааш сухан меравад, санҷида мешавад. Баъзан мушкилоти алоқа хусусияти муваққатӣ доранд, масалан, бинобар ҳодисаҳои табиӣ ба миён омадаанд. Дар ин ҳолат фаъолияти шабака дар соатҳои ангуштшумор барқарор карда мешавад. Варианти дигари беҳтар кардани алоқа тақсим кардани трафик байни пойгоҳҳои базавӣ мебошад ва ин корро ба зудӣ метавон анҷом дод. Танҳо дар сурате, ки агар ҷузъ тарзи амали қатъӣ чорае ба кор наояд, мутахассисони алоқа ПБ-и иловагиро бунёд менамоянд.
Чунин тарзи амали ҷиддиро метавон ин тавр баён кард: насби ҳар як пойгоҳи базавӣ аз ним сол зиёд вақтро гирифта, харҷи қариб 100 ҳазор доларро тақозо менамояд. Лозим меояд, ки таҷҳизот ки аз хориҷа харида, интиқол дода шуда, сипас васл ва танзим карда шавад. Дар баробари ин, дастрас намудани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти давлатии назораткунанда зарур меояд. Бале, муштариён маҷбуранд, ки интизор шаванд. Вале дар натиҷа алоқаи босифат барояшон пурра таъмин карда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои дигари кишвар, ки дар онҳо ПБ бо хоҳишҳои сокинон пайдо мешаванд, чӣ гуна ҷараён доранд?