Зулайхо Тиллоева, роҳбари яке аз калонтарин хоҷагии деҳқонии сокини ноҳияи Ёвон буда, дар ихтиёри худ беш аз 150 гектар замин дорад. Ӯ дар саҳро трактор меронаду болои асп кори хоҷагиашро назорат мекунад. Берун аз майдони кишт бошад ин бону соҳибкори муваффақ буда, дар шаҳр бо Лексус ҳаракат мекунад.