ДАР ШАҲРИ БОХТАР ФЕСТИВАЛИ ДОНИШ ВА НАВОВАРӢ БАРОИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Опубликовано: 13 Июль 2026
на канале: TV QURGHONTEPPA
77
1

Санаи 23-юми октябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, директори Барномаи GIZ дар Тоҷикистон Вулф Хенрик Горетски, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиеа, муовини роҳбари USAID Кевин Дин,роҳбарияти вилоят, Наргис Қурбонзода муовини раиси шаҳри Бохтар,муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, сарнамояндаи Дафтари JICA дар Тоҷикистон Имаи Суджи, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳа дар Тоҷикистон (ADB) Родора Консепсион ва 841 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки бо лоиҳаҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта ҳамкорӣ доранд, маҳсулотҳои истеҳсолии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилотҳои хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.
Зимни суханронии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки “Саҳми занон дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон арзанда буда, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 162 000 нафар мерасад, ки 11 446 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаи кишоварзӣ 162 034 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 446 нафар мебошанд.”
шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 540 нафар буда, аз инҳо 2654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7445 нафар бо патент, 835 нафар бо роҳбари шахсони ҳуқуқӣ, 11 446 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ инфиродӣ фаъолият менамоянд, қайд кард раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид
Зикр бояд кард, ки бо мақсади дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президентӣ дар вилоят қарори раиси вилоят аз 26-уми феврали соли 2021, № 47 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расида, 21 грант дар ҳаҷми 250 000 сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба бонувони соҳибкор пешниҳод карда мешавад.
Дар қисмати охир 21 нафар занон ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд ва дар маҷмуъ бо маблағи 250 000 сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.