Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи бостоншиносон ба ёдгории таърихии "Тахти сангин" ин дарёфти «Хазинаи Амударё» буд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ бозаргонони бухороӣ маснуоти фаровони таърихию бостониро (бештарашон тиллоӣ) ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд. Он замон, ки Ҳиндустон мустамликаи Англия буд, чанде аз афсарони англис маснуоти таърихиро харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карданд ва ҳоло қисмати аъзами бозёфтҳои "Тахти Сангин" дар осохонаи Лондон ба намоиш гузошта шудааст.
#тахтисангин #маъбадиокс #таърих #бостон #қубодиён #хатлон #твкургонтеппа #ихлос #хазинаиамударё